Эмомалӣ Раҳмон ба Исломобод меравад

Shared to Facebook

Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Покистон, имрӯз, 2 июн, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯза ба Исломобод меравад.

Ба иттилоъи манбаъ, ин сафари расмии Президенти Тоҷикистон бо даъвати сарвазири Покистон Имрон Хон сурат мегирад.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Покистон, дар музокироти дуҷониба ҳайати Тоҷикистонро Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати мизбонро нахуствазири он кишвар Имрон Хон раҳбарӣ мекунанд.

Сафари Эмомалӣ Раҳмонро Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯйи раисҷумҳур низ ба “Азия-Плюс” таъйид кардааст.

“Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон сафари расмӣ доранд ва интизор меравад, ки дар ҷараёни мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои кишварҳо ва инчунин масъалаҳои умдаи минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ карда шаванд”, — гуфтааст Шарифзода.

Ҳамчунин, миёни ду давлат як силсила санадҳои нави ҳамкорӣ дар бахшҳои молия, маориф, фарҳанг, нақлиёт имзо хоҳанд шуд, — гуфтааст Шарифзода.

Интизор меравад, ҷонибҳо дар мавриди ҳамкориҳо дар арсаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисод, тиҷорат, сиёсат, сармоягузорӣ, амният, дифоъ, фарҳанг, маориф ва робитаҳои минтақавӣ, гуфтугӯ кунанд. Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни ин сафар як қатор созишномаҳо ва ёддоштҳои ҳусни тафоҳум ба имзо расанд.

Дар назар аст, Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Покистон Ориф Алавӣ низ мулоқот анҷом диҳад.

“Покистон ва Тоҷикистон муносибатҳои наздики бародаронаро бар пояи эътиқоду таърихи муштарак ва наздикии фарҳангӣ нигоҳ медоранд. Ду кишвар дар мавриди масъалаҳои асосии минтақавӣ ва байналмилалӣ нуқтаи назари муштарак доранд ва дар форумҳои гуногуни бисёрҷониба ҳамкории зич доранд”, — омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Покистон.

Эмомалӣ Раҳмон бори охир соли 2017 барои ширкат дар нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ба Покистон рафта буд. Аз соли 1994 то ба ҳол Эмомалӣ Раҳмон ҳамагӣ 7 бор ба Покистон сафар намудааст.

Вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ моҳи марти соли 2021 ба Душанбе ташриф оварда, дар нишасти вазирони Қалби Осиё — Раванди Истамбул ширкат намуда буд.