Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин

Shared to Facebook

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23 апрел дар суҳбати телефонӣ бо Президенти Русия Владимир Путин масоили вобаста ба ҳамкориҳо, тиҷорат, содироти маҳсулоти меваю сабзавот, сохтмони мактабҳо дар Тоҷикистон, бозгашти донишҷӯёни тоҷик ба Русия, зиёд кардани теъдоди парвозҳо миёни ду кишвар ва дигар мавзӯъҳоро баррасӣ кардаанд:

“Дар рафти суҳбат маҷмӯи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Россия, аз ҷумла ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор доштанд”, — хабар дод Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон.

Дар ин зимн, Сарвари давлати мо ба масъалаҳои ҳамкориҳои ҷонибҳо дар соҳаҳои тиҷорат, маориф, муҳоҷирати меҳнатӣ ва тандурустӣ, бахусус дар арсаи мубориза бо пандемияи КОВИД-19 диққати махсус додаанд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, ҷиҳати зиёд кардани ҳаҷми тиҷорати мутақобила ва содироти маҳсулоти мевагию сабзавоти аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон ба бозори Русия ибрози ақида намуданд:

“Инчунин, масъалаҳои татбиқи лоиҳаи сохтмони 5 мактаб бо таҳсилоти забони русӣ дар Тоҷикистон, бозгашти донишҷӯёни тоҷик ба донишгоҳҳои Русия, зиёд кардани теъдоди парвозҳо миёни ду кишвар баррасӣ гардиданд”, — хабар дод манбаъ.

Ҳамчунин, дар рафти суҳбати телефонӣ атрофи масъалаҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ мубодилаи афкор сурат гирифтааст. Аз ҷумла, мавзӯи қазияи Афғонистон ва ҷараёни рушди вазъият дар минтақа муҳокима карда шудааст:

“Президенти ду кишвар зарурати андешидани чораҳои минбаъдаро ҷиҳати дар амал татбиқ намудани имкониятҳои васеи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Русия бо шумули ҳамоҳанг сохтани иқдомҳои ду ҷониб дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ таъкид карданд”, — омадааст дар гузориш.

Ҷонибҳо ҷиҳати ҳамкории зич дар омода ва дар сатҳи муносиб баргузор намудани саммити ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай ва мулоқоти навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки соли равон дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад, ба мувофиқа расидаанд.

Дар фарҷоми суҳбат Президенти Русия сокинони Тоҷикистонро бо моҳи мубораки Рамазон табрик гуфта, ба мардуми кишвари мо некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ орзу кардааст.