29 апрел дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Кумитаи котибони Шўрои амнияти давлатҳо – аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) — Тоҷикистон, Россия, Қазоқистон, Арманистон, Беларус ва Қирғизистон баргузор гардид. Ба кори ҷаласа Котиби Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода раисӣ намуд.
Зимни ҷаласаи навбатӣ ҳамаи самтҳо ва арсаҳои ҳамкории мавриди таваҷҷуҳи кишварҳои аъзои созмон ва ҷанбаҳои мухталифи масоили муҳими минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуданд.
Аз ҷумла, ба масъалаҳои мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм, таъмини амният дар сарҳади ҷанубии давлатҳои аъзои СААД, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, масъалаи ҳуқуқӣ ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ вобаста ба ташаккули қувва ва васоити сохтори аҳдномаи дастаҷамъӣ дар ҳудуди давлатҳои аъзои СААД, зарурати таҳияи нақшаи муҷаҳҳазгардонии қувваҳои зудамали дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ бо силоҳи муосир, техникаи ҳарбӣ ва махсус, дар бораи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии имзои Шартномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-солагии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва ғайра аҳамияти хосса зоҳир карда шуда, ҷиҳати пешбурди ин раванд бо истифодаи васеи имконияти мавҷудаи кишварҳои аъзо алоқамандӣ изҳор гардид.
Изҳори умед гардид, ки саъйю талошҳои ҷонибҳо дар татбиқи мувофиқаҳои ҳосилшуда самараи дилхоҳ дода, робитаҳои кишварҳои аъзо тақкими бештар пайдо хоҳанд кард.
Дар анҷоми ҷаласа якчанд санадҳои дорои аҳамияти муҳим ба имзо расиданд.