Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 8 май ба ифтихори 76-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар “Боғи Ғалаба”-и пойтахт ба пояи лавҳаи ёдгорӣ гулчанбар гузоштанд.
Президент ба поси хотираи афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки ҷони худро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нисор кардаанд, дар назди “Оташи ҷовидон” гулчанбар гузоштанд.
Эмомалӣ Раҳмонро дар ин чорабинӣ Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳамроҳӣ намуд.
Ҳамчунин, дар ин маросим раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Сарвазир, Вазири мудофиа, собиқадорони ҷанги бузурги ватанӣ ва намояндагони дигар мақомот ба хотири қурбониёни ҷанг гулчанбарҳо гузоштанд.