Масоили вобаста ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия, ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, гуманитариву фарҳангӣ ва амниятӣ аз ҷумлаи муҳимтарин мавзӯъҳои суҳбати президентҳои Тоҷикистону Русия буд, ки рӯзи 8 май дар Маскав баргузор шуд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ягона роҳбари давлат аз кишварҳои ИДМ буд, ки бо даъвати президенти Русия Владимир Путин ба ҳайси меҳмони фахрӣ ба Маскав рафта, дар чорабиниҳои бахшида ба таҷлили 76-солагии Fалаба иштирок кард.
Бино ба гузориши Хадамоти матбуотии Сарвари давлат, дар рафти мулоқот маҷмӯи масъалаҳои мубрами муносибатҳои ҳамкорӣ ва шарикии стратегии ду кишвар, ҳамчунин масъалаҳои алоҳидаи вазъияти байналмилалӣ ва минтақаӣ мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор доштанд.
Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар самтҳои зикргардида изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кардааст, ки Русия шарики асосӣ ва муҳимми тиҷоративу иқтисодии мо боқӣ мемонад.
Мақомот мегӯянд, сарфи назар аз мушкилоти вобаста ба пандемияи “КОВИД-19”, ҳаҷми мубодилаи мол байни ҳарду кишвар дар соли 2020 қариб як миллиард долларро ташкил дод.
Ҳамзамон бо ин зарурати дар заминаи имкониятҳои мавҷуда такони тоза бахшидан ба ҳамкориҳои ҷонибҳо дар арсаи сармоягузорӣ, бо дарназардошти талаботи бозори Русия, зиёд кардани ҳаҷми содироти меваю сабзавоти босифат ва аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон ба он махсус қайд гардидааст.
Дар рафти вохурӣ дигар ҷанбаҳои мубрами ҳамкориҳои ҷонибҳо, аз ҷумла дар соҳаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, алоқаи ҳавоӣ бо таъкиди аҳаммияти зиёд кардани хатсайрҳои ҳавоӣ миёни ду кишвар, ҳамчунин рушди ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустӣ, бахусус дар самти мубориза бо пайомадҳои коронавируси нав ва рафти татбиқи барномаҳои ҳамкориҳои низомиву техникӣ муҳокима карда шудаанд.
Дар мавриди баррасии масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи амниятӣ ҷонибҳо зарурати таҳким бахшидани муборизаи муштаракро алайҳи зуҳуроти хатару таҳдидҳои глобалӣ, бахусус терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ таъкид кардаанд.
Зимни мубодилаи афкор атрофи вазъияти байналмилаливу минтақаӣ ҷонибҳо ба ҳолати имрӯзаи вазъ дар Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир кардаанд.
Сарвари давлати мо ҷараёни рушди вазъиятро дар ин кишвари ҳамсоя, бахусус пас аз изҳороти мақомоти Амрико дар хусуси баровардани нерӯҳои низомиаш аз қаламрави он, таассуфбор ва сахт нигаронкунанда арзёбӣ кардааст.
Дар ин зимн Эмомалӣ Раҳмон зарурати таҳкими ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистону Афғонистонро, ки марзи ҷанубии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шумор меравад, таъкид карда, ҷиҳати татбиқи амалии қарорҳои дар ин ҷода қаблан қабулшуда изҳори умед намудааст.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҷиҳати ҳолати ҳамкориҳои бисёрҷонибаи ду кишвар дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ибрози андеша намудаанд.
Зимнан, Тоҷикистон соли равон давраи раёсатро дар Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба ӯҳда дорад. Дар робита ба ин Пешвои миллат ба ҳайси Раиси амалкунандаи ин ду созмон президенти Русияро аз рафти татбиқи чорабиниҳои банақшагирифташуда, бахусус омодагириҳо ба саммити ин ду созмон, ки соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, дар ҷараён гузоштааст.
Дар мулоқот президентҳои Тоҷикистон ва Русия, ҳамчунин, масъалаҳои дигари минтақаиро мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Дар ин замина Сарвари давлати мо атрофи рӯйдодҳои рӯзи 29 апрели соли ҷорӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон баамаломада сухан карда, мавқеи собити давлати Тоҷикистонро ҷиҳати бо роҳҳои сулҳу музокирот ҳаллу фасл намудани ҳамаи мушкилоти мавҷуда таъкид намудааст.
Дар фарҷоми суҳбат Эмомалӣ Раҳмон аз Владимир Путин ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват ба амал овардааст. Даъват пазируфта шуда, хадамоти матбуотии Сарвари давлат мегӯяд, мӯҳлати сафар тавассути роҳҳои дипломатӣ муайян карда мешавад.
Зимнан, президенти Русия Владимир Путин дар ин мулоқот аз саҳми тоҷикон дар пирӯзӣ бар фашизм ёд овард:
“Ман медонам, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ тақрибан сеяки тоҷикистониёне, ки ба ҷанг рафта буданд, барнагаштанд, қурбон шуданд. Аз Тоҷикистон бисёр Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ, дорандагони ордени Шӯҳрат ҳастанд”, — гуфт президенти Русия.
Ӯ дар хитоб ба Эмомалӣ Раҳмон афзуд, медонад, ки президенти Тоҷикистон шахсан ба ин ид ҳамчун ба як ҷашни муқаддас муносибат мекунад.
“Ин Ғалабаи умумии мост, ин иди умумии мост”, — изҳор дошт Путин.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дар навбати худ, мардуми Русияро бо 76-умин солгарди Рӯзи Fалаба муборакбод гуфт.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамчун меҳмони фахрӣ даъват шуда буд, рӯзи 9 май ҳамроҳ бо президенти Русия Владимир Путин дар чорабиниҳои бахшида ба таҷлили 76-умин солгарди Рӯзи Fалаба иштирок кард. Нахустҳо президентҳо гузашти низомиро, ки ба ифтихори ин ҷашн баргузор шуд, тамошо карданд. Баъдан Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин бар пояи оромгоҳи “Сарбози номаълум” ва “Оташи ҷовидон” гулчанбарҳо гузошта, хотираи қурбониёни ҷанги солҳои 1941-1945-ро гиромӣ доштанд. Зимни гулчанбаргузории Эмомалӣ Раҳмон ба пояи оромгоҳи “Сарбози номаълум” дар боғи Александров Суруди миллии Тоҷикистон садо дод.