Ҷаласаи Шурои амнияти Тоҷикистон

Shared to Facebook Shared to Max

Имрӯз, 19 феврал, таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, Раиси Шурои амният Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амнияти кишвар баргузор шудааст. Дар кори маҷлис аъзои доимӣ ва аъзои Шурои амният, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ, роҳбарони баъзе вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ ва кормандони Котиботи Шурои амният иштирок карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.

Дар маҷлис ҳисоботи роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ оид ба фаъолияти мақомот ва сохторҳо дар соли 2025 шунида шудааст.

Президент бо дарназардошти вазъи мураккаб ва зудтағйирёбандаи ҷаҳон ба роҳбарону масъулин ҷиҳати таъмин намудани амнияти давлат ва ҷомеа, волоияти қонун, мубориза бо ҷинояткорӣ, омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ, беҳтар намудани шароити хизмат ва зиндагии ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супоришҳо додаанд.

Диққати роҳбарони мақомоту сохторҳо ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, алалхусус дар самти содир намудани ҷиноятҳои мансабӣ ва дигар қонунвайронкуниҳо ҷалб карда шудааст.

Таъкид гардидааст, ки ҷиҳати ҳифзи сарҳади давлатӣ, пешгирӣ кардани ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ, қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва мубориза бар зидди онҳо чораҳои қатъӣ андешида шаванд.

Ҳамчунин, роҳбарони сохторҳои низомӣ вазифадор карда шудаанд, ки фаъолияти худро ҷиҳати тарбияи кадрҳо, интихоб ва ҷобаҷогузории дурусти онҳо, омода намудани мутахассисони соҳибкасб дар самти истифодаи таҷҳизоту технологияҳои муосир, рушди саноати мудофиавии кишвар, рақамикунонӣ ва таъмини амнияти киберии давлат, инчунин, баланд бардоштани сатҳи касбият, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳисси миллӣ ва таҳкими худшиносию худогоҳии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти хифзи ҳуқуқ ба таври ҷиддӣ тақвият бахшанд.