Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Абдулазиз Комилов зимни як мулоқот дар Чин ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ кардаанд.
Ин мулоқот 12 май дар шаҳри Сиан дар ҳошияи ҷаласаи дуюми вазирони корҳои хориҷии “Осиёи Марказӣ – Чин” баргузор шудааст.
“Ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор намуданд”, — хабар дод ВКХ Тоҷикистон.