Дар мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ Анна Бйерде, ки рӯзи 19 май баргузор гардид, масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шудааст.
Президенти Тоҷикистон аз сатҳи ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла аз тарафи Бонки ҷаҳонӣ давоми 28 соли шарикӣ маблағгузорӣ шудани 100 лоиҳа дар соҳаҳои мухталиф, ба маблағи умумии 2,1 миллиард доллар изҳори қаноатмандӣ кардааст.
Бино ба хабари Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, зимни мулоқот масъалаҳои вазъи Тоҷикистон дар давраи пандемияи КОВИД-19, таъсири он ба вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистон бо шарикони рушд барои пешгирии ин бемории сироятӣ ва бартараф намудани паёмадҳои он муҳокима гардид. Изҳори умед карда шудааст, ки Бонки ҷаҳонӣ ҳамчун шарики боэътимоди Тоҷикистон дар ин давраи ҳассос барои амалӣ намудани нақшаҳои минбаъдаи Ҳукумати кишвар дар самти бартараф намудани паёмадҳои пандемияи коронавирус ва таъмини рушди устувор саҳмгузор боқӣ мемонад.
Ҷонибҳо дар рафти вохӯрӣ, ҳамчунин, масъалаҳои ҳамкории минбаъдаро дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, дастгирии буҷети давлатӣ, рушди бахши соҳибкорӣ, бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ва офатҳои табиӣ, баррасӣ кардаанд.