Мулоқоти Президент бо вазирони корҳои хориҷии СААД

Shared to Facebook

Дар мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо роҳбарони ҳайатҳо — иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи қарорҳои ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъӣ ва афзалиятҳои раёсати ҷониби Тоҷикистон дар СААД баррасӣ шудааст.

Ин мулоқот рӯзи 19 май дар Қасри миллат баргузор шуд.

Дар мулоқот, аз ҷумла ҷаласаҳои Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои СААД, ки моҳи апрели имсол дар шаҳри Душанбе баргузор шуданд, қайд карда шудааст.

Президент таъкид доштааст, ки Тоҷикистон дар давраи раёсат дар СААД мутобиқи афзалиятҳои муайяншуда, вазифаҳои раёсатро бо ҷонибдории кишварҳои аъзои Созмон ба таври пурсамар иҷро карда истодааст.

Таъкид гардидааст, ки фаъолияти Созмон дар давраи гузашта ҳамаҷониба таҳлил карда шуда, Стратегияи рушди СААД то соли 2025 бо дарназардошти муайян кардани вазифаҳои афзалиятнок барои оянда таҳия гардад.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар доираи СААД, аз ҷумла таъмини амнияти минтақа, амалисозии барномаҳои Созмон оид ба таҳкими иқтидори ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистон, муборизаи дастаҷамъона бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз қабили терроризму экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, бахусус гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, муҳокима гардидаанд.