Бино ба маълумоти расмӣ, қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли ҷорӣ 3,5 млрд долларро ташкил медиҳад, ки ба 19,2% Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и ҷумҳурӣ баробар аст. Дар ин бора дар нишасти матбуотии рӯзи 13 феврал вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода маълумот дод.
Ба гуфтаи ӯ, аз ҳаҷми умумии қарзи давлатӣ 3 миллиард доллар ё 87 дарсад ба қарзи хориҷӣ ва 500 миллион доллар ё 13 дарсад ба қарзи дохилӣ рост меояд. Барои муқоиса, то 1 январи соли 2025 ҳаҷми қарзи давлатӣ 3,6 миллиард долларро ташкил дода, таносуби он ба ММД ба 25,2 дарсад баробар буд. Он замон 3,2 миллиард доллар ба қарзи беруна ва 400 миллион доллар ба қарзи дохилӣ рост меомад.
Вазир гуфт, дар соли гузашта Вазорати молия дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дигар ба маблағи умумии 619 миллион доллар 31 созишномаро барои татбиқи 25 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба имзо расонид. Ҳамчунин, дар соли 2025 барои хидматрасонии қарзи давлатӣ 504,6 миллион доллар равона шудааст, ки аз ин 416,3 миллион доллар барои пардохти қисми асосии қарз ва 88,3 миллион доллар барои фоизҳо масраф гардидааст.
Гуфта шуд, пардохти уҳдадориҳои молиявии давлатӣ тибқи нақша ҷараён дошта, саркашӣ аз иҷрои уҳдадориҳо дар назди созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва кишварҳои қарздиҳанда ба қайд гирифта нашудааст.
Қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон ҳамоно Бонки содирот ва воридоти Чин боқӣ мемонад ва ҳаҷми қарз аз ин ниҳод, ба гуфтаи вазир, давра ба давра то ҳудуди 700 миллион доллар коҳиш дода шудааст.
Дар баробари ин, қарзи Тоҷикистон дар назди Бонки ҷаҳонӣ ҳудуди 380 млн доллар, Бонки осиёии рушд – беш аз 250 млн доллар, Бонки исломии рушд – беш аз 250 млн доллар, Хазинаи байналмилалии асъор – 195 млн доллар ва Бонки аврупоии таҷдиду рушд – 165 млн долларро ташкил медиҳад.




