Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев рӯзи 20 май дар доираи сафари расмӣ ба Тоҷикистон бо Сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода мулоқот кард.
Аснои мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрамро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, оид ба баланд бардоштани нақши Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷўҳ ибрози назар намудаанд.
Ҷонибҳо тақвият бахшидани ҳамкориҳои иқтисодиро маъсус таъкид намуда, оид ба истифодаи имконоти то ҳол истифоданашуда ва зарфиятҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори ҳавасмандӣ кардаанд.
Табодули таҷриба дар самти пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 ва рафъи паёмадҳои манфии он ба иқтисодиёти ду кишвар низ дар маркази таваҷҷўҳи тарафҳо қарор гирифтааст.
Дар вохўрӣ ҳамчунин масъалаҳои муҳими дуҷонибаву бисёрҷониба мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, барои тақвият бахшидани ҳамгироӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон фикру мулоҳизаҳои судманд баён шудааст.