Фармони Президент: Нафақаи маъюбон то 50 дарсад зиёд мешавад

Shared to Facebook

Аз 1 сентябри имсол дар Тоҷикистон нафақаи маъюбон ба андозаи то 50 дарсад зиёд мешавад. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармони дахлдорро оид ба зиёд намудани андозаи нафақаи маъюбон рӯзи 28 май имзо кард.

Тибқи ин фармон, нафақаҳои маъюбон аз овони кӯдакӣ, ки ба онҳо нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ дар асоси қонунҳо “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” ва “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъин гардидаанд (бе дарназардошти иловапулиҳо), ба андозаи 20 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида зиёд карда мешавад.

Ҳамчунин, нафақаҳои кӯдакони то 18-сола, ки ба онҳо нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи маъюбӣ дар асоси қонун “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” таъин гардидааст (бе дарназардошти иловапулиҳо), ба андозаи 20 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида зиёд мешавад.

Илова ба ин, нафақаҳои маъюбони гурӯҳи I, ки ба онҳо нафақа дар асоси қонун “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” таъин гардидааст (бе дарназардошти иловапулиҳо), ба андозаи 50 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида зиёд карда мешавад.


Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи зиёд намудани андозаи нафақаҳои гурӯҳҳои алоҳидаи нафақагирон, ки ба онҳо нафақа аз рӯи маъюбӣ таъин ва пардохт мегардад

Бо мақсади беҳтар намудани вазъи моддӣ ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии маъюбон, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Аз 1 сентябри соли 2021:

— нафақаҳои маъюбон аз овони кӯдакӣ, ки ба онҳо нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” ва “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъин гардидаанд (бе дарназардошти иловапулиҳо), ба андозаи 20 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида зиёд карда шаванд;

— нафақаҳои кӯдакони то 18-сола, ки ба онҳо нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи маъюбӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” таъин гардидааст (бе дарназардошти иловапулиҳо), ба андозаи 20 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида зиёд карда шаванд;

— нафақаҳои маъюбони гурӯҳи I, ки ба онҳо нафақа дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” таъин гардидааст (бе дарназардошти иловапулиҳо), ба андозаи 50 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида зиёд карда шавад.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— амалигардонии фармони мазкурро дар соли 2021 аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа пешбинишуда таъмин намояд;

— дар муҳлати як моҳ санадҳои худро ба фармони мазкур мутобиқ намояд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

28 майи соли 2021,

№186