Суҳбати телефонии Сироҷиддин Муҳриддин бо Энтони Блинкен
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 1 июн бо Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Энтони Блинкен суҳбати телефонӣ анҷом додааст:
“Зимни гуфтугӯ ҷонибҳо роҷеъ ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Америка дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ, вазъ дар минтақа ва иқдомҳои муштарак ҷиҳати пешгирии паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19) табодули афкор намуданд”, — хабар дод Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Ҳамсуҳбатон инчунин масъалаҳои рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Украина
Рӯзи 1 июн мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Украина Дмитрий Кулеба дар шакли маҷозӣ сурат гирифтааст:
Бино ба хабари Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, вазирон ҳолат ва дурнамои густариши равобити дуҷонибаро дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ карда, доир ба ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Украина барои солҳои 2021-2022 ба имзо расидааст.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳамкориҳо ва масъалаҳои марзиро баррасӣ карданд
Сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Назирмад Ализода дар мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Казакбоев вазъи муносибатҳои ҳарду кишварро баррасӣ кардааст.
Дар ин мулоқот, ки рӯзи 30-юми май баргузор шудааст, ҳамсуҳбатон масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ ва таъмини сулҳу субот дар минтақаҳои наздисарҳадиро мавриди баррасӣ қарор додаанд.
Ализода қайд намудааст, ки Тоҷикистон азм дорад, бо дарназардошти манфиатҳои миллии худ ва бо ҷустуҷӯи қарорҳои ба ҳарду ҷониб муносиб раванди музокирот оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатиро пайгирона идома диҳад.
Суҳбати Музаффар Ҳусейнзода бо Франо Матушич
Рӯзи 1 июн Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Котиби давлатӣ оид ба масъалаҳои сиёсии Вазорати корҳои хориҷӣ ва аврупоии Хорватия Франо Матушич суҳбати телефонӣ анҷом додааст:
“Дар рафти гуфтугӯ ҷонибҳо масъалаҳои тавсеа ва рушди муносибатҳои мутақобилан судманд байни Тоҷикистону Хорватия дар соҳаҳои сиёсӣ, сайёҳӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, инчунин ҳамкориҳо дар чорчӯби созмонҳои байналмилалиро баррасӣ намуданд”, — хабар доданд аз ВКХ Тоҷикистон.