Тоҷикистон дар панҷ соли оянда 15,7 млрд доллар сармоя ҷалб мекунад

Shared to Facebook Shared to Max

Ҳукумати Тоҷикистон “Барномаи сармоягузории давлатӣ барои солҳои 2026–2030”-ро тасдиқ намуд, ки тибқи он дар панҷ соли оянда татбиқи 864 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 15,7 миллиард доллар пешбинӣ шудааст. Ҳадафи асосии барнома – ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ барои рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ мебошад. Матни пурраи санад дар Махзани муттамаркази иттилооти ҳуқуқӣ нашр гардидааст.

Тибқи барнома, айни замон қисми зиёди лоиҳаҳо ҳанӯз манбаи мушаххаси маблағгузорӣ надоранд. Барои сармоягузорон ва шарикони байналмилалӣ беш аз 11 миллиард доллар лоиҳаҳо боз буда, барои ҷалби маблағ пешниҳод мешаванд. Аз 864 лоиҳа танҳо барои 125-тоаш (ба маблағи 4,3 млрд доллар) манбаи сармоя муайян гардида, 739 лоиҳаи дигар (11,4 млрд доллар) дар ҷустуҷӯи сармоягузор қарор доранд.

Қисмати бештари маблағгузорӣ ба соҳаи энергетика равона мешавад: 38 лоиҳа ба маблағи 6,4 миллиард доллар.

Дар ҷойи дуюм бахши нақлиёт қарор дорад – 22% аз ҳаҷми умумӣ ё 3,5 миллиард доллар.

Баъдан кишоварзӣ ва обёрӣ (13%), обтаъминкунӣ ва обу корез (8%), инчунин соҳаҳои маориф, илм, тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ ҷой гирифтаанд.

Пешбинӣ мешавад, ки 801 лоиҳа ба маблағи 10,1 миллиард доллар аз ҳисоби грантҳо ва кумакҳои техникӣ ва 63 лоиҳа ба маблағи 5,6 миллиард доллар аз ҳисоби қарз ва маблағгузории омехта (қарз + грант) амалӣ карда мешаванд.