Ҳушдори Агентӣ аз борону барф ва тармафароӣ дар Тоҷикистон

Shared to Facebook Shared to Max

Дар Тоҷикистон то 5 феврал ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, аз 6 феврал бориши борон ва барф дар назар аст. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, бинобар эҳтимоли бориши барф ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар қитъаҳои тармафарои шоҳроҳи Душанбе-Чанок (км 48-74), аз ҷумла дар минтақаҳои Майхура ва Зиддеҳи ноҳияи Варзоб, инчунин дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ хатари фаромадани тарма боқӣ мемонад.

Ронандагон ва мусофирон ба эҳтиёткорӣ даъват мешаванд.

Вилояти Хатлон: 4-5 ва 7 феврал ҳаво бебориш мешавад, 6 феврал дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Туман дар ҷойҳои алоҳида пешгӯӣ мегардад. Ҳарорат дар водиҳо шабона +4…+9, рӯзона +13…+18 дараҷа гарм, вале 6 феврал то +1…+6 дараҷа поён меравад. Дар доманакӯҳҳо шабона 0…+5, рӯзона +5…+10 дараҷа, 6 феврал аз −1 то +4 дараҷа пешбинӣ мешавад.

Вилояти Суғд: 4-5 феврал бебориш, 6-7 феврал дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад, туман низ дар назар аст. Дар водиҳо шабона +1…+6, рӯзона +8…+13 дараҷа гарм, аммо 6–7 феврал шабона аз −2 то +3 ва рӯзона то +0…+5 дараҷа паст мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона −5…−10 дараҷа, баъдан −0…−5, рӯзона +2…+7 дараҷа, бо сардшавии минбаъда то −3…+2 дараҷа.

Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ: То 5 феврал ҳаво асосан бебориш, 6 феврал ва шаби 7 феврал борону барф меборад. Туман дар баъзе минтақаҳо пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5–10 м/с мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0…+5, рӯзона +12…+17 дараҷа, 6 феврал то +2…+7 дараҷа поён меравад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона −4…+1, рӯзона +2…+7 дараҷа гарм мешавад.

ВМКБ: Дар аксари ноҳияҳо то 5 феврал ҳаво бебориш, 6 феврал борону барф пешбинӣ шудааст. Дар ғарби вилоят шабона −4…−9, рӯзона 0…+5 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона −20…−25 ва рӯзона −4…−9 дараҷа хунук мешавад.

Дар робита ба ин ба сокинон тавсия дода шудааст, ки дар рӯзҳои боришот ва сардшавӣ тадбирҳои эҳтиётиро риоя намоянд.