Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи маблағҳои буҷетӣ ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост ирсол намуданд, то фаъолияти молиявию хоҷагидории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соли 2025 пурра санҷида шавад.
Ҳадаф аз гузаронидани санҷиш, баланд бардоштани шаффофият ва самаранокии кори мақомоти шаҳр мебошад.
Ба Агентӣ супориш дода шудааст, ки истифодаи буҷет ва шаффофияти фаъолияти мақомотро санҷад.
АКС: шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе




