Бозии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Ҷоми футзали Осиё–2026 мусовӣ анҷом ёфт

Shared to Facebook Shared to Max

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии аввалинро дар Ҷоми футзали Осиё-2026, ки дар Индонезия идома дорад, анҷом дод, хабар додааст Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар оғози мусобиқа дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳисоби бозиро бо тими Узбекистон мусовӣ намуд. Бозӣ бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт.

Дар даври дуюм- 30 январ дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи Ҷопон рақобат менамояд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон