Шабакаи истгоҳҳои сӯзишвории «Газпромнефт» ба кӯдакон ва калонсолон бо нуқсони биниш дар Тоҷикистон кӯмак расонид ва шароити омӯзишу корро дар фасли сарди зимистон беҳтар гардонид, хабар додааст «Азия-Плюс».
Беш аз 400 нафар аз ду муассисаи иҷтимоӣ, мактаб-интернат барои кӯдакон бо нуқсони биниш дар шаҳри Ҳисор ва филиали Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат имконият пайдо намуданд, ки дар рӯзҳои сарди зимистон дар муҳити гарм ва бароҳат бошанд. Дар доираи ин ташаббус системаҳои гармидиҳӣ ва таъмини барқ нав карда шуданд.
Кормандони ширкат аз мактаб-интернат дар шаҳри Ҳисор, ки кӯдакон бо нуқсони биниш дар он ҷо зиндагӣ ва таҳсил мекунанд, боздид намуда, таҷҳизоти нави гармидиҳӣ, тақдим намуданд.
Ба филиали Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат генератори дизелӣ, ки барқи доимиро таъмин менамояд ва радиаторҳои гармидиҳӣ супорида шуд. .
Директори филиали Ҷамъияти нобиноён дар шаҳри Ваҳдат Маҳмадҳалим Надиров қайд намуд, ки барои кӯдакон бо нуқсони биниш ҳарорати бароҳат барои омӯзиш ва рушд хеле муҳим мебошад ва ба намояндагони ширкати «Газпромнефт» барои ин кӯмак изҳори сипос намуд.
Амалӣ гардидани ин иқдоми «Газпромнефт» ба беҳтар намудани сифати зиндагии мардум дар Тоҷикистон равона шудааст ва ширкат дар оянда низ чунин лоиҳаҳоро идома хоҳад дод.







