Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 дастаи миллии футзали Тоҷикистон дар шаҳри Ҷакарта ду бозии санҷишӣ анҷом дод, хабар додааст Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар бозии якум футзалбозони Тоҷикистон аз мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 2:4 мағлуб шуданд.
Дар бозии дуюми санҷишӣ яккачини Тоҷикистон бар дастаи Индонезия бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд.
Тими миллии Тоҷикистон бозии охирини санҷишии худро дар доираи машқҳои дастаҷамъӣ дар шаҳри Ҷакарта рӯзи 20 январ бо мунтахаби Арабистони Саудӣ анҷом медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футзал тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои миллии Ӯзбекистон (28 январ), Ҷопон (30 январ) ва Австралия (1 феврал) рақобат менамояд.




