Таърихи Спитамен Бонк

Shared to Facebook Shared to Max

Таърихи мухтасари бонке, ки ба ифтихори қаҳрамони халқи тоҷик — Спитамен номгузорӣ шудааст.

Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Спитамен Бонк» фаъолияти худро соли 2008 ҳамчун ташкилоти амонатии қарзии хурд (ТАҚХ) оғоз намуд.

Дар муддати кӯтоҳ ин ташкилот тавонист эътибори шарики боэътимоди молиявиро ба даст орад ва дар натиҷаи фаъолияти ҳамоҳангшудаи даста ва рушди устувор, аллакай соли 2014 «Спитамен Капитал» иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро барои анҷом додани фаъолияти бонкӣ соҳиб шуд.

Таҷрибаи чандинсолаи кормандон, рушди устувор, эътимод ба неруи худ ва ғамхорӣ нисбат ба мизоҷон Бонкро ба яке аз муассисаҳои муваффақи молиявӣ табдил дод, ки мардум ба он бовар доранд.

Сирри муваффақияти Бонк оддӣ аст — он дар бунёди муносибатҳои дарозмуддат, шарикона ва барои ҳар ду ҷониб судманд бо мизоҷон ифода меёбад.

Аз рӯзҳои аввал Бонк ба ҷорӣ намудани технологияҳои нави иттилоотӣ диққати махсус дода, ҳадафи асосиро баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба мизоҷон қарор дод.

Ҳамин тавр, дар аввали соли 2015 «Спитамен Бонк» низоми автоматиконидашудаи бонкии Oracle FlexCube-ро ҷорӣ намуд, ки яке аз боэътимодтарин системаҳои бонкӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Oracle FlexCube ба Бонк имкон дод, ки вақти хизматрасониро ба таври назаррас коҳиш диҳад ва сифати онро беҳтар созад, маҳсулотро зудтар ҷорӣ ё мутобиқ ба талаботи мизоҷон тағйир диҳад, инчунин муҳити ягонаи истеҳсолиро барои бонкдории корпоративӣ, чакана ва сармоягузорӣ бо такя ба меъмории модулии чандир ва дорои имконияти рушди минбаъда таъмин намуд

Имрӯз Бонк дорои 24 филиал ва 64 маркази хизматрасонии бонкӣ (МХБ) дар саросари кишвар мебошад. Шумораи кормандони Бонк зиёда аз 1300 нафар мутахассисонро ташкил медиҳад. Маҳсулот ва хизматрасониҳои пешниҳодшавандаи Бонк ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқат мекунанд.

Яке аз ҳадафҳои асосии Бонк ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва маҳсулоти инноватсионӣ мебошад, то ки истифодаи хизматрасониҳои бонкӣ барои ҳамаи мизоҷон дар тамоми соҳаҳои ҳаёт осон ва дастрас бошад.

Бояд зикр кард, ки саҳмдори асосии «Спитамен Бонк» ширкати суғуртавии «Спитамен Иншуренс» мебошад.

Spitamen Insurance — ширкати суғуртавиест, ки 23 ноябри соли 2009 таъсис ёфта, дар соҳаи суғурта фаъолият намуда, технологияҳои муосир ва стандартҳои байналмилалии идоракунии хавфҳо ва хизматрасониро татбиқ менамояд.

▶️ «Спитамен Бонк»