Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 12 июл бо Раиси Сенати Парламенти Қазоқистон Ашимбаев Маулен Сагатханули суҳбати телефонӣ анҷом додааст.
Зимни суҳбат роҳбарони палатаҳои болоии парламентҳои ду давлат ҷанбаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон ва масъалаҳои минтақавиро баррасӣ намудаанд:
“Ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, инчунин муайянсозии самтҳои афзалиятноки рушди муносибатҳои бисёрсолаи дӯстона изҳор доштанд”.
Бо қаноатмандӣ зикр карда шудааст, ки Тоҷикистон ва Қазоқистон бо ҳамдигар шарикони боэътимоди стратегӣ маҳсуб ёфта, муколамаи мунтазаму боварибахши сарони ду кишвар барои тавсеаи муносибатҳои амалии дуҷониба ва такмили асосҳои ҳуқуқии он мусоидат менамояд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин ба вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар пасманзари пандемияи КОВИД-19 ва масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шудааст.
Аз ҷумла, вазъи ҳарбию сиёсӣ ва ҳолати ташвишовар дар вилоятҳои шимолӣ ва шимолу шарқии Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамсарҳад мебошанд, мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифтааст.