Тоҷикистон дар нақша дорад, ки аз Чин ваксина зидди коронавируси COVID-19 харидорӣ кунад. Ин мавзӯъ зимни гуфтугӯи онлайнии муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Fафур Муҳсинзода бо намояндаи ширкати “Sinovac Research & Development Co. Ltd” -и Чин баррасӣ шудааст.
Дар ин бора Маркази матбуоти Вазорат хабар дод. Дар мулоқот баррасии як қатор масъалаҳо вобаста ба харидорӣ ва таҳвили навбатии вояҳои зарурии ваксинаи “КоронаВак” ба Тоҷикистон баррасӣ гардидааст.
“Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба нарх, шарту шароити дастрасӣ, муҳлати интиқоли ваксина ба Тоҷикистон суҳбат намуданд”,-омадааст дар хабар.
Ба иттилои манбаъ, Тоҷикистон барои таъмин намудани шаҳрвандон бо ваксин, ҳудуди 3,4 миллион воя CoronoVac мехарад.
Манбаъ меафзояд, созишномае, ки барои хариди ин миқдор воя тартиб дода шудааст, маблағи 26,8 миллион долларро талаб мекунад. Аз ин 25 миллион доллар аз ҳисоби гранти Бонки Осиёи Рушд ва боқимонда 1.8 миллион доллар саҳми Тоҷикистон хоҳад буд.
Татбиқи лоиҳа соли 2021 оғоз ёфта, анҷоми он то соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.
Ҳоло дар Тоҷикистон ду намуд ваксина истифода мешавад, ки яке ваксинаи истеҳсоли бритонӣ — шведӣ буда, дигаре доруи истеҳсоли Чин аст.
Дар Тоҷикистон бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оиди мубориза бо коронавирус афроди аз 18 — сола боло бояд ба таври ҳатмӣ ваксина гиранд.