Ба гуфтаи Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим, дар робита ба вазъи сиёсию амниятии Афғонистон ҳамлу нақли байналмилалии бору мол тавассути марзи ду кишвар халалдор нагардидааст. Вазир дар нишасти матбуотии дирӯза гуфт, танҳо 13 июл тавассути гузаргоҳи сарҳадии Панҷи Поён – Шерхон бандар 51 мошини ҳомили бор аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва 71 мошин бор аз Афғонистон ба Тоҷикистон интиқол дода шудаанд.
Ин изҳороти Азим Иброҳим дар ҳолест, ки гуруҳи радикалии “Толибон” мегӯяд, ҳудуди 90 дарсад аз минтақаҳои наздимарзии Афғонистон бо Тоҷикистонро тасарруф карда ва гузаргоҳҳои асосӣ ҳам зери назорати ин гуруҳ аст. Чанде пеш ин гуруҳ эълон кард, ки бо Тоҷикистон ҳеч мушкил надоранд ва додугирифти мол давом мекунад. Баъзе аз расонаҳо бо такя ба ронандагон навиштанд, ки гуруҳи “Толибон” онҳоро аз пардохти боҷи гумрукӣ ва гирифтани раводид озод кардаанд.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, дар ин бора санади расмӣ мавҷуд набуда, миёни Тоҷикистону Афғонистон низоми бе рухсатнома нест ва барои гузарондани молу коло як миқдор маблағ гирифта мешавад.
Азим Иброҳим, ҳамчунин, қазияи дармондани нақлиёти боркашони Тоҷикистон дар Қирғизистонро шарҳ дод. Вай гуфт, 60 мошини борбаре, ки аз хориҷ ба Тоҷикистон маҳсулот меоварданд, дар ҳудуди Қирғизистон дармондаанд ва масъалаи убури онҳо то ҳол ҳал нашудааст.
Ба гуфтаи ӯ, ҳангоми сафари президенти Қирғизистон ба Душанбе, бо вазири нақлиёти он кишвар масъалаи мошинҳои дармондаи Тоҷикистонро баррасӣ карданд. Он ҷониб ваъда додааст, ки масъаларо пайгирӣ мекунанд, вале то ҳол натиҷа нест:
“Дар ин ҷо паҳлуҳои дигари масъаларо дидан даркор аст”, — изҳор дошт вазири нақлиёт.
Азим Иброҳим гуфт, ба ҳамтои қирғизаш ҳамчунин гуфтааст, гузоштани монеа дар роҳи мошинҳои боркаш ба зарари иқтисоди Қирғизистон аст. Чун, ба гуфтаи вазир, аз 60 мошин танҳо 3 ронанда аз Тоҷикистон аст ва боқии ронандагон шаҳрвандони Қирғизистон мебошанд.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон ишора кард, ки ҳалли масъалаи мошинҳои дармонда дар Қирғизистон дигар аз салоҳияти ин вазорат берун аст ва ба ин хотир онҳо талош доранд, мушкилро аз роҳи дипломатӣ ҳал кунанд.
Бино ба хабарҳо, мошинҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба боркашонии байналмилалӣ аз Русия машғуланд, моҳи дувум аст дар минтақаи Бодканди Қирғизистон банд мондаанд.