Дар нимсолаи аввали соли равон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ наздик ба 1,7 тонна маводи мухаддир ошкор ва мусодира кардаанд. Ин рақам нисбат ба омори ҳамин давраи соли гузашта 43 дарсад (510 кг) зиёд будааст.
Дар ин бора Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода дар нишасти матбуотии рӯзи гузашта маълумот дод.
Ба гуфтаи ӯ, аз ҳисоби 1 тоннаву 695 кг 645 гр маводи нашъаоваре, ки дар ин давра ошкор ва мусодира гардид, ба ВКД — 819 кг 119 гр, КДАМ — 662 кг 646 гр, АНДМ ва МК — 11 кг 731 гр ва 1 кг 121 гр – Хадамоти гумрук рост меояд.
Аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар 200 кг 593 гр маводи нашъаовар, аз ҷумла 3 кг 873 гр героин, 32 кг 554 гр афюн, 127 кг 439 гр ҳашиш, 1 кг 807 гр бангдона ва 34 кг 920 моддаҳои психотропию сахттаъсир, дар намуди хока ва ҳабҳои синтетикӣ (2434 адад) ошкор ва мусодира гардидааст:
“Дар ин робита мусодираи моддаҳои психотропии синтетикӣ, ки ба инсон зиёни бештар дорад, 34 кг 920 гр-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 14 кг 545 гр ё 2,4 маротиба зиёд мебошад”, — гуфт Воҳидзода.
Бино ба маълумоти номбурда, дар нимсолаи якуми соли 2021 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ, 13878 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12.9{cb765e84dfa2e3280381e42f21070e52a7de0f8ed8cd7ca2a727636c96d9af82} ё 1585 ҷиноят зиёд мебошад. Аз ин ҳисоб 446 ҷиноят марбут ба маводи нашъадор мебошанд, ки дар қиёс ба 6 моҳи якуми соли гузашта 24,9 дарсад ё 89 ҷиноят зиёд будааст:
“Дар нимсолаи якуми соли 2021 Агентӣ 104 ҷинояти вобаста ба маводи нашъаоварро ошкор намуд, ки нисбат ба ин давраи соли гузашта 24 ҷиноят ё 30 дарсад зиёд мебошад”, — гуфт ӯ.
Ҳамчунин, 187 ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор гардида, дар ин робита 200 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Аз онҳо 116 ҳазору 472 сомонӣ ба буҷети давлат ҷарима ситонида шудааст.
Дар ин давра аз ҷониби кормандони Агентӣ 10 нафар шахсони дар кофтукови ҷиноятӣ қарордошта дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд:
“Дар нимсолаи якуми соли 2021 аз ҷониби Агентӣ бо фикри айбдоркунӣ 84 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба 128 нафар ба судҳо ирсол гардиданд. Дар робита ба ин, ба молу мулки ҷинояткорон ба маблағи 134 ҳазор сомонӣ ҳабс гузошта шуд”, — афзуд ӯ.
Ҳамчунин, дар ин давра фаъолияти 28 гурӯҳи ҷиноятӣ дар ҳайати 64 нафар, аз ҷумла фаъолияти 1 гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 2 нафар, ки ба воридсозӣ ва паҳнкунии маводи нашъаовар машғул буданд, ошкор ва қатъ карда шудааст.
Дар ҳамин ҳол, зикр шуд, ки бо вуҷуди коҳиш ёфтани ҳаҷми мусодираи маводи нашъаовари гурӯҳи афюнӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ, афзоиши ҳаҷми мусодираи гурӯҳи бангдона (бангдона ва ҳашиш) ба мушоҳида мерасад:
“Дар нимсолаи якуми соли 2021 аз муомилоти ғайриқонуни ҳамагӣ 1 т 380 кг 280 гр маводи нашъаовари гурӯҳи бангдона мусодира шуд, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 88,7 фоиз ё 648 кг 665 гр зиёдтар мебошад. Аз ҷумла, дар ин давра, аз ҳаҷми умумии мусодирагардидаи гурӯҳи бангдона 1 т 281 кг 978 гр ё 93 фоизро ҳашиш ва 98 кг 302 гр ё 7 фоизро бангдона ташкил медиҳад”.
Бино ба маълумоти расмӣ, ба ҳолати 1 июли соли 2021 дар Тоҷикистон 5003 нафар нашъаманд, аз ин 109 нафар зан дар қайд ҳастанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 (5190/113 нафар) 187 нафар ё 3,6 фоиз коҳиш ёфтааст.
Бино ба ҳисоби мақомот, ҳоло дар Тоҷикистон ба 100 000 аҳолӣ 54 нашъаманд рост меояд, ки он нисбат ба дигар давлатҳо нишондиҳандаи хеле паст мебошад.