. 8 январ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо донишҷӯёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвари иқомат таҳсил мекунанд, мулоқот намуд, хабар додааст маркази матбуоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия.
Дар мулоқот роҳбари намояндагии дипломатӣ оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар» сухан намуда, муҳтаво ва нуктаҳои асосии онро шарҳу тавзеҳ дод.
Зимни он иброз гардид, ки дар сиёсати давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам овардани зиндагии шоиста ба мардум, таъмини амният, волоияти қонун, ҳифзи сулҳу субот дар мамлакат, дастгирии соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, донишандӯзӣ ва маърифатнокӣ тарбия намудани насли наврас, дастгирии занону ҷавонон, ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъйин намудани онҳо, аз ҷумла масъалаҳои калидӣ маҳсуб мешавад.
Дар идомаи суханронӣ роҳбари намояндагии дипломатӣ бо истифода аз фурсат ба таваҷҷуҳи донишҷӯён иброз дошт, ки касбҳои интихобнамудаи онҳо дар Тоҷикистон мавриди ниёзмандии вижа аст ва ба онҳо маслиҳат дод, ки аз шароити дар донишгоҳҳо барояшон фароҳамшуда барои омӯхтани илму дониш ва забонҳои хориҷӣ самаранок истифода баранд.
Сафир доир ба арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, ватандӯстӣ, мубориза ва муқовимат ба экстремизм ва терроризм, ҳамроҳ нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва таҳрикоти иғвогарона, новобаста аз мазмуни онҳо, тарбия намудани насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносию меҳандӯстӣ изҳори андеша намуд.
Дар фарҷоми мулоқот донишҷӯён саволу дархостҳои гуногун пешниҳод намуда, ба онҳо посухҳо гирифтанд.








