3–4 -уми январ дар бинои «Ориёнбонк» хакатон зери унвони Build with AI, ки дар ҳамкорӣ бо шарикон ташкил карда шуд, баргузор гардид, иттилоъ додааст хадамоти матбуоти бонк.
Тули ду рӯз иштирокчиён аз рӯйи ҳалли амалии масъала бар пояи технологияҳои зеҳни сунъӣ кор карданд.
Хакатон — таҳиягарон, таҳлилгарон ва мутахассисони ҷавонро муттаҳид намуд, ки дар формати пуршиддат лоиҳаҳо месохтанд. Лоиҳаҳое, ки қодиранд масъалаҳои амалиро ҳал карда, таҷрибаи рақамии истифодабарандагонро беҳтар намоянд.
Build with AI самтҳои зеринро фаро гирифт:
●дастгирӣ ва рушди ҷомеаи технологӣ;
●таҳкими ҳамкории байни бизнес ва дастаҳои IT;
●тарғиби фарҳанги таҳияи прототипҳо ва санҷишҳои босуръати ғояҳо;
●ҷустуҷӯи роҳҳое, ки метавонанд дар ояндаи наздик дар амал татбиқ гарданд.
Дастаҳо корҳоро бо ҳамдигар тақсим карда, консепсияҳоро ташаккул медоданд ва прототипҳоро таҳия мекарданд, ҳамзамон аз ҷониби коршиносон вобаста ба мантиқи маҳсулот, сенарияҳои корбарӣ ва омодасозии рунамоҳо дастгирӣ меёфтанд. Марҳилаи ниҳоии хакатон ҳимояи кушоди лоиҳаҳо назди ҳайати ҳакамон буд, ки дар он арзиши амалӣ, сифати иҷро ва имконияти рушд додани лоиҳаҳо баҳогузорӣ гардид.
Build with AI сатҳи баланди ҷалбшавии иштирокчиён ва қобилияти дастаҳоро дар табдил додани ғояҳо ба қарорҳои равшан ва намоишшаванда дар муддати кӯтоҳ нишон дод. Барои «Ориёнбонк» чунин форматҳо саҳм гузоштан дар рушди экосистемаи рақамӣ буда, инчунин имконияти иловагӣ барои дастгирии ташаббусҳое мебошанд, ки технологияро ба пеш мебаранд.
Мо ба шарикон, менторҳо ва ҳар як иштирокчӣ барои нерӯ, рӯҳияи даставӣ ва натиҷаҳои қавӣ самимона сипосгузорем.
Ориёнбонк минбаъд низ форматҳои наверо рушд медиҳад, ки дар онҳо навовариҳо дар амал ба вуҷуд меоянд. Аз навгониҳо ва ташаббусҳои оянда бохабар бошед.
▶️Ориёнбонк




