БМТ ҳамкориро бо “Giesecke+Devrient” тақвият медиҳад

Shared to Facebook

Дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо ноиби кулли Президенти ширкати “Giesecke+Devrient” Вернер Рейш ва ноиби Президенти ширкат оид ба фурӯши банкнотаҳо Аркадий Ноткин ҳамкории пурмаҳсули дуҷониба дар самти барориши пулҳои коғазӣ ва дигар маҳсулоти бозори молиявӣ баррасӣ гардидааст.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода зимни суханронияш бо таъкид ба ин ҳамкории пурмаҳсул қаноатмандии хешро аз сатҳи ҳамкории мутақобилан судманд изҳор доштааст.

“Ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо ширкати “Giesecke+Devrient” соли 1999 бо имзои шартномаи чопкунии пули коғазии миллии “Сомонӣ” оғоз гардида, зиёда аз 22 сол мешавад, ки Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазиро дар ширкати “Giesecke+Devrient” чоп менамояд. Боиси қаноатмандист, ки тӯли ин солҳо Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ширкати “Giesecke+Devrient” дар самти такмили унсурҳои ҳимоявии пулҳои коғазии “Сомонӣ” ва таъмини бехатарии он корҳои зиёдеро анҷом додаанд”, — гуфтааст Раиси Бонки миллии Тоҷикистон.

Зимни вохӯрӣ, инчунин, масъалаҳои ҳамкории дуҷониба оид ба такмили минбаъдаи унсурҳои ҳимоявии пулҳои коғазии “Сомонӣ” баррасӣ гардида, аз ҷониби намояндагони ширкат зикр шудааст, ки баъди ворид намудани унсурҳои нави ҳимоявӣ аз қабили “Тасмачаи голографӣ”, “Дизайни ҳимоявии лазерӣ”, “Нишони Бонки миллии Тоҷикистон” ва “Нишони обӣ” пули коғазии “Сомонӣ” аз ҷиҳати бехатарӣ ба қатори пулҳои дигар давлатҳои пешрафта шомил гардид.

Ҳамчунин, намояндагони ширкати “Giesecke+Devrient” дастовардҳои худро дар самти таъсиси кори Хазинаи марказии ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ барои бонкҳои марказӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ, бо технологияҳои муҳофизативу назоратӣ муҷаҳҳаз гардонидани он ва таҷҳизоти нави ҳисобкунию ба навъҳо ҷудокунандаи пул муаррифӣ кардаанд.

Ҳоким Холиқзода изҳор доштааст, ки дар оянда ҳамкорӣ  байни Бонки миллии Тоҷикистон ва ширкати “Giesecke+Devrient” боз ҳам тақвият меёбад.

Ширкати олмонии “Giesecke+Devrient” яке аз ширкатҳои дар сатҳи ҷаҳон эътирофшудаю пешқадам оид ба истеҳсоли таҷҳизот барои бароришу коркарди пулҳои коғазӣ ва коғазҳои қиматнок мебошад, ки бонкҳои марказӣ ва ташкилотҳои қарзии тиҷоратии беш аз 70 давлати ҷаҳон аз хизматрасонии он дар самти барориши пулҳои коғазӣ, такмили унсурҳои ҳимоявии пул ва бунёди хазинаҳои муосири марказӣ истифода мекунанд.