«Соро компания» – ғолиби Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025

Shared to Facebook Shared to Max

Дастаи «Соро компания»-и Душанбе зери роҳбарии Пайрав Воҳидов дар Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025 ғолиб омад, хабар додааст Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар бозии панҷум ва ҳалкунандаи силсилаи ниҳоӣ «Соро компания» бар «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд ғалаба карда (1:1, аз рӯйи пеналти – 5:4), унвони қаҳрамониро ба даст овард.

Бозии охирини силсилаи ниҳоӣ имрӯз, 4 январ дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.

Ин шашумин унвони қаҳрамонии «Соро компания» дар таърих ба ҳисоб меравад.

Бошгоҳи шаҳри Душанбе қаблан дар солҳои 2018, 2019, 2021, 2022 ва 2024/25 ҷоизаи қаҳрамонии Тоҷикистонро ба даст оварда буд.

Медалҳои нуқраи Суперлигаи Тоҷикистон-2025 насиби футзалбозони «Сипар» ва медалҳои биринҷӣ насиби «Истиқлол» гардиданд.

Шарҳи бештар дар: https://fft.tj/tj/soro-kompaniya-olibi-superligai-futzali-to-ikiston-2025