3-юми январ Рӯзи таваллуди ходими давлатӣ ва сиёсии Тоҷикистон — Раҳмон Озода Эмомалӣ ҷашн гирифта мешавад.
Раҳмон Озода Эмомалӣ 3 январи соли 1978 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, маълумоташ олӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ мебошад.
Раҳмон Озода Эмомалӣ яке аз чеҳраҳои шинохтаи сиёсӣ ва дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Солҳои 1995–2000 таҳсили худро дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон идома дода, солҳои 2004–2006 дар донишгоҳҳои Ҷорҷтаун ва Мериленди Иёлоти Муттаҳидаи Америка (бахши забономӯзӣ) дониш андӯхтааст.
Фаъолияти касбии худро солҳои 2005–2007 ҳамчун атташе оид ба фарҳанг ва маорифи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА оғоз намуда, баъдан солҳои 2007–2009 дар вазифаи сардори Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2009–2014 муовини вазири корҳои хориҷӣ ва солҳои 2014–2015 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2016 Раҳмон Озода Эмомалӣ ба вазифаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Бо ордени «Шараф» ва медали Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АП ИДМ) «25 сол» (27 марти соли 2017) барои хизматҳои шоиста дар рушд ва таҳкими фаъолияти парлумонӣ, саҳми назаррас дар такмил ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва густариши ҳамкории байнипарлумонӣ қадрдонӣ шудааст.
Дар давраи фаъолияти Раҳмон Озода Эмомалӣ дар низоми Вазорати корҳои хориҷӣ як қатор санадҳои муҳими меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти консулӣ таҳия ва такмил ёфтанд, аз ҷумла қоидаҳои додани раводид, шиносномаҳои хориҷии биометрӣ ва ҳуҷҷатҳои бозгашт, ки мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шуданд. Бо ташаббуси Раҳмон Озода Эмомалӣ дар кишвар ҷорӣ шудани шиносномаҳои биометрӣ ва кортҳои идентификатсионӣ низ амалӣ гардид.
Саҳми Раҳмон Озода Эмомалӣ дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ, рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, инчунин татбиқи ташаббусҳои Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ назаррас мебошад.
Раҳмон Озода Эмомалӣ соҳиби рутбаи дипломатии Сафири Фавқулода ва Мухтор буда, забонҳои русӣ ва англисиро медонад.
Бо рӯзи таваллудатон табрик мегӯем!
Орзумандем, ки дар ҳамаи корҳоятон комёб гардед ва тамоми ҳадафҳои пешбинишудаатон амалӣ гарданд. Бароятон умри дароз, саломатии бардавом ва руҳияи болида таманно дорем! Бигзор ҳар лаҳзаи зиндагиатон аз рӯйдодҳои нек пур бошанд!
Зодрӯзатон муборак!




