Мулоқоти Зубайдзода бо Муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт

Shared to Facebook

Сафири Тоҷикисон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода рӯзи 2 август бо муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар оид ба масъалаҳои ташрифот Зорӣ Аҷрон ал-Аҷрон мулоқот кард.

Бино ба хабари ВКХ Тоҷикистон, зимни он мулоқот таҳким ва тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ гардида, атрофи масъалаҳои муҳимми байналмилалӣ ва минтақавӣ, махсусан паҳншавии мавҷи нави коронавирус COVID-19 дар ҷаҳон ва вазъияти Афғонистон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои Штатҳои Муттаҳидаи Америка табодули афкор сурат гирифт.