Кормандони Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Анна Гавриковаро ба муносибати 100-содагиаш табрик намуданд, хабар медиҳад намояндагии дипломатӣ дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии ВК.
31 декабр мушовир-фиристодаи Сафорати Русия дар Тоҷикистон В.В. Хуторская ва намояндагони Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати Тоҷикистон ба дидори собиқадори ақибгоҳ Анна Яковлевна Гаврикова рафта, ӯро ба муносибати 100-солагиаш табрик гуфтанд. Ҳамзамон, паёми табрикотии шахсии Президенти Федератсияи Русия В.В. Путинро супориданд.
Собиқадор барои таваҷҷуҳ ва ғамхории зоҳиршуда нисбат ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони ақибгоҳ, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ба меҳмонон изҳори сипос намуда, ба ҳама умри дароз ва саломатӣ орзу кард.
Анна Гаврикова 31 декабри соли 1925 таваллуд шудааст. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ноҳияи Кашираи вилояти Москва барои эҳтиёҷоти фронт масолеҳи чӯбӣ ва торф омода менамуд.
Аз самими дил ба ҳамаи собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Соли нави 2026 саломатии комил, комёбӣ ва руҳияи болида орзу менамоем!
Сафорати Русия дар Тоҷикистон




