Ҷамъбасти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ дар соли 2025

Shared to Facebook Shared to Max

23 декабри соли ҷорӣ дар ш.Минск таҳти раисии сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус, намояндаи ваколатдори доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳоди Иттиҳоди давлатҳои мустақил Б. Сафарзода ҷаласаи навбатии Шӯрои намояндагони ваколатдори доимии давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид, хабар додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни ҷаласа раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ дар соли 2025, ки ба таҳкими равандҳои ҳамгироӣ ва густариши ҳамкориҳо миёни давлатҳои иштирокдори Иттиҳод равона гардида буд, натиҷагирӣ карда шуд.

Қайд гардид, ки дар давоми сол ҷаласаҳои мақомоти олии ИДМ, аз ҷумла нишасти Шӯрои сарони давлатҳо дар ш.Душанбе баргузор гардид.

Як қатор ташаббусҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ, экологӣ, инчунин дар самти амният ва муқовимат бо чолишу таҳдидҳо амалӣ карда шуданд.

АКС:Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон