Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шикор ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ нисбат ба бабри барфӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пурзур гардид, хабар додааст Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тағйироти дахлдор ба Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуда, ҷазоҳо барои чунин кирдорҳо сахттар пешбинӣ шудаанд.
Дар асоси ислоҳот, моддаи 232¹-и Кодекси ҷиноӣ бо таҳрири нав қабул гардида, ҳоло таҳти унвони «Шикор, нест кардани мақсаднок, инчунин гирифтани ғайриқонунӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ё фурӯши бабри барфӣ (пантераи Осиёи Марказӣ)» амал мекунад. Пештар ин модда танҳо «Шикор ва нест кардани мақсадноки бабри барфӣ» ном дошт.
Мувофиқи таҳрири нав, барои содир намудани чунин қонуншиканӣ ҷарима ба андозаи аз 1 200 то 1 800 нишондиҳандаи ҳисобӣ ё маҳрумият аз озодӣ то 3 сол пешбинӣ шудааст. Тибқи меъёрҳои қаблӣ, ҷарима аз 800 то 1 200 нишондиҳандаи ҳисобӣ, корҳои ислоҳӣ то 2 сол ё маҳрумият аз озодӣ то 3 сол муқаррар мегардид.
Дар ҳолати такроран содир кардани ҷиноят, ҷавобгарӣ боз ҳам шадидтар шуда, ҷарима аз 2 000 то 3 000 нишондиҳандаи ҳисобӣ ё маҳрумият аз озодӣ аз 4 то 8 сол таъин мешавад. Ҳамзамон, маҳрумият аз ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то 5 сол низ пешбинӣ шудааст. Пештар ин ҷазоҳо сабуктар буда, маҳрумият аз озодӣ аз 3 то 5 солро ташкил медод.
Илова бар ин, ба моддаи 236-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Шикофтан ё вайрон кардани режими ҳудудҳо ва объектҳои махсуси муҳофизатшаванда» низ тағйирот ворид карда шуд.
Мувофиқи ислоҳоти нав, ҳаҷми зарари махсус калон аз 300 ба 500 нишондиҳандаи ҳисобӣ баланд бардошта шуд.




