24 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Вазорати мудофиаи кишвар ташриф оварда, майдони танкронии машқгоҳи Ҳарбмайдон ва 4 дидбонгоҳи сарҳадиро дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Нахуст бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва роҳбарони сохторҳои қудратии кишвар тариқи фосилавӣ ба фаъолияти майдони танкронӣ дар машқгоҳи Ҳарбмайдон оғоз бахшида шуд.
Барои дар сатҳи баланди касбӣ омода намудани мутахассисони соҳавӣ дар ин машқгоҳ иншооти зиёди таълимӣ бунёд ёфтааст.
Бинои нуқтаи фармондеҳию мушоҳидавӣ бо синфхонаҳои ронандагӣ ва манораҳои мушоҳида аз имкониятҳои дигари ин машқгоҳ ба шумор меравад.
Зимни шиносоӣ бо имконоти фарохи ин машқгоҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратӣ дастур доданд, ки бо истифода аз имконоти ин майдон мутахассисони техникии дахлдори худро дар сатҳи баланд омода намоянд.
Аз ҳамин ҷо, ҳамчунин тариқи фосилавӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 4 дидбонгоҳи сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ифтитоҳ ёфт.
Ин дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар ин минтақаи баландкӯҳ ва душворгузари сарҳади давлатӣ бо Афғонистон, ки қаблан ба таври зарурӣ муҳофизат намешуд, бори аввал сохта шуд ва барои фаъолияти бемонеаи онҳо дар ин мавзеъ ба масофаи зиёда аз 70 километр роҳи нави мошингузар бунёд ёфта, дигар инфрасохтори ёрирасон низ фароҳам оварда шуд.
Натиҷаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки давоми 31 соли фаъолияти худ Қӯшунҳои сарҳадӣ пуриқтидору мукаммал гардида, рӯз то рӯз шароити хизматию маишии афсарону сарбозон хубтару беҳтар мешавад.
Ин раванд, бахусус давоми 2-3 соли охир хеле авҷ гирифта, дар ин муҳлати кӯтоҳ аллакай 80 дидбонгоҳи нави сарҳадӣ бунёд ёфта, бо техникаю таҷҳизот ва ҳама лавозимоти ҳарбию хизматию маишӣ таъмин гардиданд.
Дар ҳамаи ин дидбонгоҳҳои сарҳадӣ, дар баробари муҳайёсозии шароити зарурии хизматӣ, аз ҷумла хобгоҳҳои сарбозӣ, ошхона, ҳаммом, шабакаи гармидиҳӣ, майдончаҳои машқу тамрин ва ҳамчунин барои афсарон вза аҳли оилаи онҳо хонаҳои алоҳидаи истиқоматӣ сохта шудааст.
Зимни ифтитоҳи иншооти сарҳадӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Ҳукумати кишвар барои фароҳамсозии шароити будубош ва хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҷумла Қӯшунҳои сарҳадӣ, пайваста чораандешӣ менамояд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз саҳмгузории соҳибкорони ватандӯсти кишвар, ки дар ин кори пурифтихор низ иштирок менамоянд, ёдовар шуда, ба ҳамаи касони дар ободонии кишвар ҳиссагузор арзи сипосу қадрдонӣ намуданд.












