Вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ҳамкориро тақвият мебахшанд

Shared to Facebook

Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузориро густариш медиҳанд, хабар медиҳад Намояндагии тиҷоратии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

18 декабр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рыбас Александр Леонидович дидору мулоқоти расмӣ анҷом доданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ миёни вилояти Хатлон ва Федератсияи Россияро баррасӣ намуданд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба бунёди корхонаҳои саноатӣ, коркарду бастубасти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва густариши содироти онҳо равона гардид.

Таъкид гардид, ки вилояти Хатлон дорои имкониятҳои васеъ дар ин самт буда, ба рушди саноат ва ҷалби сармоягузорӣ аҳамияти махсус медиҳад.

Рыбас Александр Леонидович иқдомҳои пешниҳоднамудаи ҷониби вилоятро саривақтӣ ва дорои аҳамияти амалӣ арзёбӣ намуда, изҳори умед кард, ки ҳамкориҳои тиҷоратӣ байни ҷонибҳо дар оянда боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.

Раиси вилояти Хатлон зимни суханронӣ иттилоъ дод, ки айни ҳол дар ҳудуди вилоят беш аз 400 корхонаи хурду миёнаи саноатӣ фаъолият мекунад. Аз ҷумла, дар бахшҳои коркарди пахта ва истеҳсоли нахи баландсифат, масолеҳи сохтмонӣ, саноати хӯрокворӣ ва нӯшокиҳо заминаи мусоид фароҳам буда, тавассути ҳамкориҳои судманд бо шарикони хориҷӣ афзоиши шумораи корхонаҳо ва ҳаҷми истеҳсолот имконпазир мебошад.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколама ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак изҳор намуданд.