ВКХ: хабари аз Тоҷикистон ба Панҷшер бурдани силоҳу муҳимот бепоя аст

Shared to Facebook

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабари нашршуда дар расонаҳои Афғонистон ва бахши шабакаҳои иҷтимоии ин кишвар дар робита ба интиқол додани муҳимоту силоҳ аз Тоҷикистон ба Панҷшерро рад кард. Аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ин хабар аз беху бун бепоя аст.

Субҳи 23 август бархе телеграмканалҳои расонаҳои Афғонистон, аз қабили “Спутник Афғонистон”, “Тулӯъ” ва “Иттилооти рӯз” хабар доданд, ки “нахустин чархболҳои ҷабҳаи муқовимат силоҳ, муҳимот ва ниёзмандиҳои ҷабҳаро аз Тоҷикистон ба Панҷшер интиқол додаанд”.

Вале мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ин хабар асоси воқеӣ надорад.

Аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия плюс” гуфтанд, ки “чунин хабарҳо асоси воқеӣ надорад ва ҳеҷ чархболи Тоҷикистон барои Афғонистон муҳимоти ҷангӣ набурдааст”.

Ин хабарҳо дар ҳолест, ки дар Панҷшер таҳти фармондеҳии Аҳмад Масъуд ва чеҳраҳои дигар ҷабҳаи муқовимат таъсис шудааст, ки дар сурати ҳамлаи Толибон бо онҳо муқовимат хоҳанд кард.

Субҳи дирӯз Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи “Толибон” ва сарпарасти вазорати фарҳангу иттилооти Афғонистон, дар ҳисоби корбарии Тветиттераш навишт, ки Панҷшер дар муҳосираи ин гурӯҳ афтодааст.

Аммо то кунун Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер бо раҳбарии Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд, ба ин навиштаи “Толибон” посух надодаанд.

Ин твитти Муҷоҳид рӯзи гузашта нашр шуда, дар он гуфта мешавад, Аморати исломӣ талош дорад, то мушкил аз роҳи мусолиматомез ҳал шавад.

Ҳарчанд то кунун назари Аҳмади Масъуд ва афроди наздик дар ин бора мушаххас нест, вале ӯ қаблан гуфта буд, ки агар “Толибон” ба Панҷшер ҳамла кунанд, онҳо муқовимат хоҳанд кард. 

Аҳмад Масъуд рӯзи 22-юми август дар суҳбат бо телевизиони “Ал-Арабия” гуфт, барои идораи кишвар як ҳукумати фарогир ва ҳамашумул лозим аст, ки “Толибон” низ бахше аз он хоҳад буд.

“Аммо агар гурӯҳи “Толибон” музокиротро рад кунад, эҳтимол дорад, ки даргириҳо сурат бигирад”.

Ӯ инчунин гуфт, нерӯҳои давлатии зидди “Толибон” аз чандин вилояти кишвар ба Панҷшер омадаанд ва ба “Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон” пайвастаанд.

Хабаргузории “Ройтерз” низ аз қавли ин раҳбари ҷабҳа гузориш додааст, ки ӯ умед дорад, гуфтугӯҳои сулҳ бо “Толибон” ба натиҷа бирасад, аммо дар айни ҳол омодаи ҷанг бо ин гурӯҳ аст.

“Asia-Plus”