Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Императори Ҷопон Наруҳито

Shared to Facebook

19 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо Императори Ҷопон муҳтарам Наруҳито мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили муносибатҳои Тоҷикистону Ҷопон баррасӣ шуд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Император барои пазироии самимӣ ва ҳусни таваҷҷуҳ изҳори сипос намуданд.

Гуфта шуд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Ҷопон имрӯз доираи васеи ҳамкориро дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо фаро мегиранд. 

Дастгирии Ҷопон дар татбиқи лоиҳаҳои хурду миёнаи бахшҳои инфрасохтор, нақлиёт, энергетика, кишоварзию экологӣ, инчунин, омодасозии захираҳои инсонӣ, тандурустиву беҳдошт, таъкид гардид. 

Оид ба дигар масъалаҳои ҳамкории барои ҳарду ҷониб судманд табодули андеша сурат гирифт.

Ҳамчунин, имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо Раиси Палатаи мушовирони Парлумони Ҷопон Секигучи Масакадзу мулоқот намуданд.

Ҷонибҳо оид ба ҷанбаҳои дӯстонаи Тоҷикистону Ҷопон, самтҳои мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ, бахшҳои инфрасохтор, саноат, энергетика, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист ва тандурустӣ табодули андеша намуданд.

Ҷалби сармоя ба бахши сайёҳӣ, рушди ҳамкории амалӣ бо Ҷопон дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва густариши муносибатҳои фарҳангиву башарӣ аз мавзуъоти дигари суҳбат буд.

https://www.president.tj