Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад

Shared to Facebook

 Имрӯз дар толори Парлумони Тоҷикистон ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум оғоз гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ мекунанд.

Дар ҷаласа раёсат ва аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва аъзои Ҳукумати мамлакат, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораҳои назди Президент ва Ҳукумат, мақомоти марказии судӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои олии таълимӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, собиқ вакилони Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шурои ҷамъиятӣ, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва эҷодӣ, роҳбарияти корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, доираи тоҷирону соҳибкорон ва ҷавонони ташаббускор, намояндагони ҳайати дипломатӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок менамоянд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бинои Парлумони Тоҷикистон тавассути шабакаҳои телевизиони ва радиоии кишвар, аз ҷумла Радиои «Шаҳри ман» мустақиман пахш мегардад.

АКС: https://www.president.tj