Номинаи “Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид

Shared to Facebook

10 декабри соли 2025 зимни иҷлоси 20-уми Кумитаи байниҳукуматии мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Деҳлии Нав номинаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Фарҳанги суманакпазӣ” қабул шуда, ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид, хабар додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Боиси қайд аст, ки номинаи мазкур аз ҷониби Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО таҳия гардида, соли 2023 ба баррасии созмони зикргардида пешниҳод шуда буд.