28 ноябри соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд Конфронси илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Ҷойгоҳи рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” дар инъикоси дастовардҳо ва рушди пешрафти кишвар» бо иштироки меҳмонони олиқадр баргузор гардид.
Чорабинӣ ба муносибати 95-солагии нашрияи бонуфузи вилоятӣ, рӯзномаи “Ҳақиқати Суғд” ташкил гардида, муҳаққиқон, адабиётшиносон, рӯзноманигорон ва дӯстдорони матбуотро аз дохил ва хориҷи кишвар гирд овард.
Дар конфронс меҳмонон аз Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ҳамчунин устодони донишгоҳҳо, собиқадорони матбуот ва ҳамкорони доимии рӯзнома ширкат варзида, дар бораи саҳми таърихӣ ва ҷойгоҳи иҷтимоиву фарҳангии “Ҳақиқати Суғд” андеша ронданд.
Дар суханрониҳо таъкид шуд, ки нашрия дар тӯли 95 сол ҳамчун минбари боэътимоди иттилоърасонӣ фаъолият намуда, дастовардҳои кишвар, пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳаёти сиёсиву фарҳангии вилояти Суғдро мунтазам инъикос мекунад.
Иштирокчиён ба фаъолияти эҷодкорони рӯзнома, нақш ва саҳми он дар рушди журналистикаи ватанӣ ва дар тарғиби арзишҳои миллӣ баҳои баланд доданд.
Дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ барои меҳмонон барномаи консертии идона пешкаш шуд, ки бо суруду наво ва ҳунарнамоии гурӯҳҳои эҷодӣ ба фазои тантана шукуҳу ҷилои хос бахшид.






