Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат дар гуфтугӯи интерактивӣ оид ба вазъият дар Афғонистон бо тамаркуз ба пайомадҳои вазъи баамаломада ба занону духтарон ва ақаллиятҳои миллии он кишвар, назорати ҳуқуқи инсон ва чораҳои ҷавобӣ, ки рӯзи 3 сентябр бо ташаббуси намояндагиҳои доимии Канада ва Британияи Кабир дар СММ баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ кардааст.
Дар суханронии худ Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ мавқеи кишварро дар робита ба вазъ дар Афғонистон, бахусус зарурати созмон додани ҳукумати ҳамашумул бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи ақаллиятҳои миллӣ таъкид кардааст.