16 сентябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор мешавад.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷӣ, дар ҷаласа Раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Арманистон Никол Пашинян, Президенти Беларус Александр Лукашенко, Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Русия Владимир Путин ва Дабири кулли СААД Станислав Зас ширкат меварзанд.
“Сарони кишварҳо оид ба масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ ва натиҷаҳои асосии фаъолияти Созмон дар марҳилаи байниҷаласавӣ мубодилаи афкор намуда, инчунин маълумотро дар бораи самтҳои авлавиятноки фаъолият дар давраи раёсати дарпешистодаи Ҷумҳурии Арманистон дар СААД мешунаванд”, — хабар дод манбаъ.
Дар назар аст, ки дар анҷоми ҷаласа Эъломияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД ва тақрибан понздаҳ қарор қабул карда шавад.
Зикр мегардад, ки Саммити Душанбе давраи чорабиниҳои ниҳодҳои оинномавии СААД дар доираи раисии Тоҷикистонро хотима мебахшад.