Бо даъвати расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 16 сентябр Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд:
“Дар ҷараёни сафари расмӣ мулоқоти хоссаи роҳбарони ду давлат ва музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар дар назар аст”, — хабар дод Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Дар назар аст, ки дар натиҷаи мулоқот Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи густариши равобити дуҷониба ва бастаи санадҳои нави ҳамкорӣ имзо шаванд.
Ҳамчунин, дар назар аст, ки Иброҳим Раисӣ дар саммити ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай бахшида ба 20-солагии таъсисбии ин созмон ширкат намояд.
Аз ин қабл хабар дода шуд, ки дар ин ҷаласа Эрон ба ҳайси кишвари узви комилҳуқуқи СҲШ пазируфта мешавад.