Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» оғоз гардид

Shared to Facebook

Имрӯз дар шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» оғоз гардид. Дар расми ифтитоҳи он муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва дигар шарикони рушд иштирок ва суханронӣ намуданд.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» шарикони рушд, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, роҳбарони минтақаҳои кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Эрон, Покистон, Чин, Туркия ва доираи васеи соҳибкорони ватанию хориҷӣ иштирок менамоянд.

Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» дар ду панел — «Сармоягузорӣ барои рушди устувори минтақаҳо: имкониятҳои рақамикунонӣ, шарикӣ бо бахши хусусӣ ва табдили вилояти Хатлон ба маркази иқтисоди муосир» ва «Аз замин то бозор- рушди занҷираи арзиш дар кишоварзӣ, содирот ва коркарди маҳсулоти маҳалӣ дар вилояти Хатлон» гузаронида мешавад.

Интизор меравад, ки дар доираи баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест -2025» байни ширкату корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расанд.

Ҳамзамон доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ва меҳмонону иштирокдорони Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест -2025» бо фаъолияти субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва Норак шинос гардида, мавзеъҳои ҷолиби вилояти Хатлонро тамошо менамоянд.

Ҳадафи Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест -2025» муаррифии имкониятҳои сармоягузории вилояти Хатлон, ҷалби сармояи хориҷӣ, хусусан сармояи мустақим ба соҳаҳои иқтисодиёти вилоят, инчунин тақвияти хамкории байниминтақавӣ, дар маҷмуъ баланд бардоштани иқтидори содиротии вилоят ва таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бо шарикони рушд мебошад.

Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳои марбутаи мамлакат гузаронида мешавад.

Акс: аз манбаъҳои боз