Моҳи ноябри соли 2025 зимни иҷлоси 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО 1050-солагии Робияи Балхӣ ба Феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2026-2027 ворид карда шуд, хабар додааст ВКХ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бояд қайд кард, ки ҷашни солгарди шоири шинохтаи форсу тоҷик Робияи Балхӣ, ки ҳамзамони Рӯдакӣ дар даврони Сомониён зиндагӣ мекард, дар арсаи байналмилалӣ аз таърих ва фарҳанги бойи миллати тоҷик шаҳодат медиҳад.




