Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 сентябр дар Қасри миллат вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров, вазири мудофиаи ин кишвар Сергей Шойгу ва муовини роҳбари Маъмурияти Президенти Русия Дмитрий Козакро ба ҳузур пазируфтанд.
Ҳайати Русия рӯзи гузашта ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон омад.
Бино ба хабари Хадамоти матбуотии Сарвари давлат, дар мулоқот маҷмуи васеи масоили шарикии стратегии Тоҷикистону Русия мавриди баррасӣ қарор дода шуд:
“Ҷонибҳо масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла масоили нишастҳои сатҳи олии дарпешистодаи СААД ва СҲШ дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанберо муҳокима карданд”, — хабар дод манбаъ.
Дар вохурӣ ба ҳамаи ҷанбаҳои мубрами ҳамкорӣ, аз ҷумла дар бахшҳои низомӣ ва низомиву техникӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст.
Дар рафти суҳбат вазъи ҷории низомиву сиёсии Афғонистон мавриди таваҷҷуҳи хоссаи ҷонибҳо қарор гирифт. Дар ин зимн оид ба вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон мубодилаи афкор сурат гирифта, барои пешгирии таҳдиду хатарҳо идомаи робитаҳо дар сатҳҳои гуногун, ҳамчунин таҳкими ҳимояи сарҳадот зарур шумурда шудааст.