Имрӯз, 16 сентябр, дар Қасри миллат мулоқоти президентҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев баргузор гардид.
Президенти Ӯзбекистон рӯзи гузашта бо мақсади иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон омад.
“Дар ҷараёни мулоқоти самимӣ масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба ва рафти иҷрои созишномаҳои зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ба имзорасида баррасӣ шуд”, — хабар дод Хадамоти матбуотии Президенти Тоҷикистон.
Зимни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон ба саҳми шахсии Шавкат Мирзиёев дар рушди муносибатҳои шарикии стратегии мутақобилан судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон баҳои баланд додаанд.
Ҷонибҳо аз рушди бемайлон ва густариши маҷмӯи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон изҳори қаноатмандӣ намудаанд.
Масъалаҳои ҳамкории сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, низомӣ ва амниятӣ аз мавзуъҳои муҳими мулоқоти дуҷониба маҳсуб ёфта, сарони давлатҳо фаъолияти пурсамари Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва баргузории форуми байниминтақавии сармоягузориро дар Тоҷикистон махсус қайд кардаанд.
Зимни баррасии масъалаҳои амниятии минтақавӣ вазъи мураккаби сиёсию низомии кишвари ҳамсояи Афғонистон муҳокима гардид.
Дар рафти мулоқот ҳамчунин оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо табодули судманди афкор сурат гирифт.