Ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба ислоҳоти милитсия баргузор гардид

Shared to Facebook

22-юми октябри соли 2025 тибқи фармоиши Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои асосии вазорат ҷаласаи Гурӯҳи корӣ зери роҳбарии муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Вализода Илҳомиддин Сироҷиддин баргузор гардид, иттилоъ додааст ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҷаласа намояндагони ҷузъу томҳои дастгоҳи марказии вазорат, аз қабили Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа масъала вобаста ба таҳия намудани лоиҳаи «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2026-2030» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Кори Гурӯҳи корӣ то 31 октябри соли 2025 идома меёбад.