21 сентябр Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Чин Лю Бин бино ба итмом расидани мӯҳлати кори мавсуф ҳамчун роҳбари намояндагии ин кишвар дар Тоҷикистон мулоқот кардааст:
“Дар мулоқот ҷонибҳо аз дастовардҳои ду кишвари ҳамҷавору дӯст ва шарик стратегӣ дар ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисоду тиҷорат, нақлиёт, саноат, маориф, илмӣ-техникӣ, фарҳангиву гуманитарӣ дар ин давра изҳори қаноатмандӣ намуданд”.
Муовини вазири корҳои хориҷӣ барои саҳми шоистаи Сафир Лю Бин дар таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори миннатдорӣ намуда, ба ӯ комёбӣ ва ба кишвари дӯсти Чин шукуфоӣ таманно кардааст.