Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил мегардад

Shared to Facebook

19 октябр дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт  Иди Меҳргон, Фестивал-намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ баргузор мешавад, иттилоъ додааст Маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамчунин дар ин рӯз «Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал», «Иди себ ва ангур», «Оши палав, намоиш ва фурӯши шолӣ ва биринҷ» ва «Иди тарбуз, харбуза ва каду» баргузор  мешаванд. 

Дар ҷашни  Меҳргон ва дигар идҳои кишоварзӣ деҳқонон аз  тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ дастранҷи худ – маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили навъҳои гуногуни биринҷу шолӣ, себу ангур, асал, сабзавот ва меваҷотро, ки хоси ҷашн мебошанд, ба намоиш мегузоранд.

Дар ин рӯз беҳтарин кадбонуҳои мамлакат хӯрокҳои миллӣ  омода намуда, ҳунармандони  мардумӣ маҳсулоташонро манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт мегардонанд.

Кумитаву идораҳои давлатӣ дар ин ҷашнгоҳ дастовардҳои соҳаи худро пешниҳод менамоянд.

Дар ин рӯз барои саҳм гузоштан дар рушди соҳаи кишоварзӣ  пешқадамони соҳа ва дар сатҳи баланд ташкилу баргузор намудани Иди Меҳргон фаъолон бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009  дар ҷумҳурӣ  Меҳргон чун иди миллӣ  таҷлил мешавад.  Меҳргон ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил гардида, мисли  ҷашнҳои таърихии  Наврӯз,  Сада,  Тиргон ва ғайра аз қадимтарин идҳои миллии мардуми ориёинажод  маҳсуб мешавад.

Акс: аз манбаъҳои боз